Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эмомалӣ Раҳмон барои як ҳафта ба Чин хоҳад рафт


Раҳмон ва Ҷинтао дар Душанбе (Акс аз соли 2008)
Раҳмон ва Ҷинтао дар Душанбе (Акс аз соли 2008)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 1 то 5 июн ба Чин сафари расмӣ хоҳад кард. “Азия Плюс” аз қавли манобеъаш хабар дод, ки дидори оқои Раҳмон бо ҳамтои чинияш Ҳу Ҷинтао рӯзи 5 июн баргузор хоҳад шуд. Қарор аст, дар ин сафар байни Душанбеву Пекин чанд қарордод имзо шавад. Дар пайи хатми сафари расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 6-7 май дар Пекин дар нишасти сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистону Тоҷикистонро дар бар мегирад, ширкат мекунад. Ҳинду Эрон ва Покистону Муғулистон дар Созмони Шанхай мақоми нозирро доранд.
XS
SM
MD
LG