Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришгари СММ аз Тоҷикистон боздид мекунад


Ананд Гровер
Ананд Гровер
Ананд Гровер-гузоришгари вижаи Созмони Милалали Муттаҳид дар умури беҳдошт дар Душанбе бо Маҳмудҷон Собиров-муовини аввали вазири корҳои хориҷаиТоҷикистон масъалаҳои дастрасии аҳолии Тоҷикистон ба хадамоти тиббиро баррасӣ кард.

Маҳмудҷон Собиров дар ин мулоқот роҷеъ ба натиҷаҳои боздиди намояндагони СММ аз Тоҷикистон ва барномаҳои беҳдоштии ҳукумати ин кишвар сӯҳбат кард.

Дар муддати иқомати худ дар Тоҷикистон, гузоришгари вижаи СММ талош мекунад, ки бо масъулони ниҳодҳои зирабти Тоҷикистон роҳҳои муолиҷаи бемориҳо ва ҳуқуқи башарро баррасӣ намояд.

Боздиди Ананд Гровер бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон аз 24 то 31 май идома меёбад. Вай дар поёни боздиди худ дар шаҳри Душанбе як конфронси матбуотӣ баргузор мекунад.
XS
SM
MD
LG