Аз 25-ум то 29-уми майи соли ҷорӣ нишасти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандии кишварҳои Осиёи Миёна оид ба ташкили шабакаи муассисаҳои ғайридавлатӣ доир мешавад. Ин вохӯрӣ дар маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳия Шаҳристони вилояти Суғд баргузор шуда ва дар он намояндагони ҷомеаи маданӣ ва ниҳодҳои ғайридавлатии 5 кишвари Осиёи Миёна (Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон» ширкат менамоянд. Ба роҳ мондани механизми фаъолиятҳои муштарак ва ҳамкории созанда бо сохторҳои ҳукуматӣ дар рушди бахши саноати озуқаворӣ дар Осиёи Миёна ва ҳамчунин тақвият додани ҳамкориҳои минтақавӣ, аз аҳдофи ин нишаст унвон шудаанд. Ин нишаст бо ибтикори муассисаи австриягии Hilfswelk Austria International ва ҳимояти моли Иттиҳодияи Аврупо дар доираи барномаи Осиёи Миёна- Инвест II баргузор мешавад.