Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттилоърасонӣ аз хатари минҳо дар Тоҷикистон


Маркази милии минрӯбии Тоҷикистон барномаи густардаи иттилоърасонӣ аз хатари минҳоро дар 19 ноҳияи марзӣ ва дар 5 ноҳияи шарқи Тоҷикистон рӯи даст гирифтааст.
Шаҳриниссо Давлатова-ҳамоҳангсози ин барнома рӯзи панҷшанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи ин барнома 160 омӯзгор бо таълим фаро гирифта шудаанд ва онҳо дар мактабҳои ноҳияҳои марзии Шӯрообод, Ҳамадонӣ, Панҷекант ва Ашту Исфара ба омӯзиши шогирдони мактабҳо мепардозанд.
XS
SM
MD
LG