Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи раёсатҷумҳурии Миср шурӯъ шуд


Имрӯз дар Миср нахустин интихоботи раёсати ин ҷумҳурӣ аз замони суқути режими Ҳусни Муборак дар моҳи феврали соли гузашта оғоз ёфт. Раъйгирӣ дар тақрибан 13 000 қитъа фардо низ идома хоҳад кард ва беш аз 50 миллион нафар ҳаққи раъй доранд. Дар баргаҳо исми 13 номзад навишта шудаст, ҳарчанд якеи онҳо аз сабқат хориҷ шуд. Таҳлилгарон шонси дабири собиқи Лигаи Араб Амр Мӯсо ва номзади дар Амрико таҳсилдидаи Ихвонулмуслимин Муҳаммад Мурсиро болотар баровард мекунанд. Амр Мӯсо имрӯз баъди раъйдиҳӣ дар Қоҳира гуфт: «Ман хушбинам, алҳамдилуллоҳ, ва умедворам, мардум интихоби дуруст мекунанд ва президентиро интихоб хоҳад кард, ки дар воқеъ битавонад дар ин шароити буҳронӣ ба Миср раҳбарӣ кунад.»
Натоиҷи интихобот ғолибан 29 май нашр хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG