Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯрои амнияти СММ ҳамла дар Санъоро маҳкум кард


Шӯрои амнияти СММ ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Санъо, пойтахти Яманро маҳкум кард ва онро ҷинояте номид, ки наметавон тавҷеҳ кард.

Бар асари таркиши маргталабона дар издиҳоми низомиён дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, беш аз 90 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳамлаи террористӣ дар канори Кохи раисиҷумҳур дар ҳоле ба вуқӯъ пайваст, ки низомиён ба парад ба шарафи Рӯзи ваҳдати миллӣ омодагӣ мегирифтанд. Вазири дифоъ ва раиси Ситоди куллии артиши Яман низ дар тамрини парад ширкат доштанд ва аммо ба онҳо осебе нарасидааст.

Маргталаби либоси низомӣ дар тан маводи мунфаҷираеро тарконид, ки онро дар тани худ ҷой дода буд.

Масъулияти ҳамларо шабакаи “Ал-Қоида” бар дӯш гирифт. Ҳамлаи ахир дар Санъо – хунбортарин баъд аз ваъдаи раисиҷумҳури нав Абдрабу Мансур ал-Ҳодӣ барои мубориза бо ифротгароҳои мустақар дар манотиқи ҷанубӣ ва шарқии Яман аст.
XS
SM
MD
LG