Дар Сурия бар асари даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва мухолифини мусаллаҳ дасти кам 20 нафар кушта шуданд. Дар ин бора созмони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Лондон, хабар дод. Гуфта мешавад, ки даргириҳои шадид дар вилоятҳои Даръо ва Ҳома сурат гирифтанд. Нерӯҳои ҳукуматӣ чанд мавзеъ дар ҳилояти Ҳумсро ҳам тирборон карданд, ки бар асари он чаҳор кас ба ҳалокат расиданд.
Бани Ки Мун, Дабири кулли СММ, ахиран аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бӯҳрон дар Сурия ба ҷанги шаҳрвандӣ табдил мешавад ва аз ин рӯ аз ҷомеъаи байнулмилалӣ хост, ки барои ҳалли ин бӯҳрон ҳама талошҳояшро ба харҷ диҳад.
Рӯзи якшанбе нишасти НАТО дар Чикаго имкони дахолати низомӣ ба вазъи Сурияро рад кард.