Президенти Русия Владимир Путин рӯйхати кобинаи нави вазиронашро нашр кард, ки аксари курсиҳояш дар дасти ёрони ӯст. Ҳамин тавр, муовини аввали сарвазир Игор Шувалов масъули сиёсати иқтисодӣ боқӣ монда, вазири молия Антон Силуанов, вазири дифоъ Анатолий Сердюков ва вазири хориҷа Сергей Лавров низ курсиҳои худро ҳифз кардаанд.Путин имрӯз дар мулоқот бо кобинаи нав гуфт: “Вазъе ки иқтисоди ҷаҳон қарор дорад, норӯшан аст. Омилҳои норӯшанӣ хеле зиёд аст. Шумо бояд дар чунин шароит барномаи рушди Русияро амалӣ гардонед.” Як чеҳраи нав дар кобинаи сарвазир Дмитрий Медведев мушовири ӯ дар Кремл Аркадий Дворкович аст, ки яке аз 7 муовини сарвазир шуд. Медведев дар вокуниш ба норизоияти мардум тағйироти ҷиддӣ дар ҳайъати кобинаро ваъда дода буд.