Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи Низомхон Ҷӯраев ба додгоҳ рафт


Низомхон Ҷӯраев
Низомхон Ҷӯраев
Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия қисмате аз парвандаи пурсарусадои Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили халқи вилояти Суғд ва раиси Корхонаи кимиёи Исфараро, ки ба қочоқ рабт дорад, ба додгоҳ фиристодааст. Бахтиёр Насруллоев, вакили дифоъи Ҷӯраев дар таъйиди ин хабар гуфт, парванда қисм – қисм дар додгоҳ баррасӣ мешавад. Ба қавли ӯ, тибқи моддаи 289 - Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, Низомхон Ҷӯраев ба қочоқи гандум аз хориҷи кишвар ба хотири истеҳсоли спирт муттаҳам мешавад. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои қочоқи амволе, ки бидуни пардохти молиёти гумрукӣ ва дигар андозҳо ворид мешаванд, 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Аммо вакили дифоъи Ҷӯраев мегӯяд, ин ҷинояти ӯ ба ибтидои солҳои 2000 рост меояд, ки то ба ин вақт чаҳор Қонуни авф ба тасвиб расидааст ва эҳтимолан нафари таҳти ҳимояташ барои ин ҷурм муҷозоти молӣ хоҳад шуд. Мурофиа рӯзҳои наздик шурӯъ мешавад.
XS
SM
MD
LG