Порламони Юнон ба таври расмӣ пароканда ва 17 июн дар ин кишвар интихоботи навини порламонӣ эълон шуд. Интизор меравад, ки ин интихобот Юнонро аз бунбасти сисёсӣ берун орад. Баъд аз интихоботи 6 май ҳизбҳои сисёсӣ натавонистанд ҳукумати эътилофӣ ташкил кунанд. Ҳоло раҳбарии кишварро як ниҳоди 16 нафарии иҷроӣ бар ӯҳда гирифтааст ва ин ниҳод ҳақ надорад тасмимҳои муҳими байналмиллалӣ қабул кунад. Холигоҳи сиёсӣ дар Юнон ба идомаи узвияти ин кишвар дар қаламрави истифодаи пули евро таҳдид мекунад. Юнон бояд моҳи оянда будҷаи нави худро коҳиш диҳад ва қарзи навбатиро аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи Байналмиллалии Пул қабул кунад.