Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории Тоҷикистон аз Бонки ҷаҳонӣ барои тарҳи Роғун


Ҳамроҳхон Зарифӣ
Ҳамроҳхон Зарифӣ
Тоҷикистон умедвор аст, ки Бонки Ҷаҳонӣ расидагӣ ба тарҳи сохтмони ниругоҳи барқи обии Роғунро то моҳи феврали соли 2013 ба поён мерасонад. Ин нуктаро Ҳамроҳхон Зарифӣ-вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон баъд аз чанд мулоқоташ дар Амрико хабар дод. Оқои Зарифӣ дар ҷараёни боздиди худ аз Амрико дидгоҳҳои Тоҷикистонро дар бораи сохтмони ин ниругоҳ дар мулоқот бо коршиносони амрикоиву байналмиллалӣ дар Маркази мутолеоти Осиёи Марказиву Қафқоз ва дар донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Вошингтон дар миён гузошт.

Се сол пеш Тоҷикистон ба Бонки Ҷаҳонӣ муроҷиат карда буд, то дар сохтмони Роғун расидагии фаннӣ, аз ҷумла расидагии фаннӣ-иқтисодӣ, анҷом бигирад.
XS
SM
MD
LG