Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷи-8 бӯҳрони молии Аврупоро баррасӣ мекунад


Раҳбарони ҳашт қудрати бузурги иқтисодии ҷаҳон дар ҳошияи шаҳри Вашингтон шеваҳои ҷилавгирӣ аз оқибатҳои фалокатбори бӯҳрони қарзии Аврупоро баррасӣ мекунанд. Сарони кишварҳои гурӯҳи Ҷи-8 ро дар Кемп Девид Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, мизбонӣ мекунад. Нишасти мазкур дар ҳоле баргузор мешавад, ки бӯҳрони молии Юнони дармонда бадтар мешавад ва муассисаи эътиборсанҷии Moody рутбаи эътибории 16 бонки Испониёро поин бурд. Дар нишасти мазкур, Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури нави Фаронса ва Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, ширкат мекунанд. Ба гурӯҳи Ҷи-8, Амрико, Бритониё, Канада, Фаронса, Олмон, Итолиё, Ҷопон ва Русия шомиланд.
XS
SM
MD
LG