Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 67 қочоқбар дар амалиётҳои муштарак


Раҳбари хадамоти мубориза бо маводи мухаддири Русия гуфт, амалиётҳои муштарак дар Афғонистон бо ҷалби нирӯҳои афғон ва Амрикову Русияву Тоҷикистон «натоиҷи ҳайратовар» додааст. Виктор Иванов гуфт, дар ҷараёни амалиётҳое, ки аз 30 апрел то 14 май доир шуд, аз қочоқбарон беш аз 4 тонна маводи мухаддир, 130 мил силоҳ ва 15 мошин мусодира шуд. Генерал афзуд, дар ин амалиёт 4 коргоҳи тавлиди маводи мухаддир кашф ва 67 гумонбар дастгир шудаанд. 90 фоизи афюни ҷаҳон аз Афғонистон меояд, ки як бахши аъзамаш тавассути Осиёи Марказӣ ба Русия қочоқ мешавад.
XS
SM
MD
LG