Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситони Ҳейг: Ҷиноёти Младич ҷои шак надорад


Младич дар додгоҳ
Младич дар додгоҳ
Додситонҳои додгоҳи Ҳейг мегӯянд, шавоҳиди бадастомада ҳокист, ки маъракаи поккории мусалмонҳову хорватҳо ва дигар мардуми ғайрисерб дар даврони ҷанги солҳои 1992-1995-и Боснияро “бидуни ягон шак” фармондеҳи собиқи нирӯҳои серби Босния Ратко Младич созмон дода буд. Додгоҳи Младич имрӯз аз сар гирифта шуд ва Дермот Грум дар оғози мурофиа гуфт: «Додситонӣ шавоҳидеро нишон хоҳад дод, ки ба даст доштани Младич дар ҳеҷ кадоме аз ин ҷиноёт ҷои ягон шак боқӣ нахоҳад гузошт.» Младичи 70-сола ба 11 ҷинояти марбут ба наслкушӣ, ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башарият, аз ҷумла дар қатли омми ҳудуди 8000 мардону наврасони мусалмони сокини Сребренитса дар соли 1995 ва муҳосираи Сараево, ки 44 моҳ идома кард, айбдор мешавад. Младич, ки соли гузашта баъди 16 соли фирор дар Сербистон боздошт шуд, ин иттиҳомотро радд мекунад. Ҷанги Босния тақрибан 100 000 кушта ба ҷо гузоштва беш аз 2,2 миллион нафарро беҷо кард.
XS
SM
MD
LG