Дар Юнон интихоботи нави порлумонӣ баргузор мешавад, зеро ҳизбҳои сиёсии ин кишвар, ки дар интихоботи 6-уми май ҷойҳои аввалро гирифтанд, натавонистанд, ҳукумати эътилофӣ таъсис диҳанд. Бархӯрди онҳо ба шартҳои дарёфти имдоди Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байнулмилалии Пул ба ин имкон надод. Эҳтимол меравад, дар интихоботи нав мухолифони ин тарҳ бартарӣ ба даст оранд ва дар натиҷа хатари варшикастагии молиявии Юнон ё бурунрафти он аз минтақаи евро бартараф нахоҳад шуд. Ин номуайянӣ ба бозорҳои молии Аврупо таъсири амиқ мегузорад.