Як манбаи наздик ба умури дохилаи ин ноҳия, ки аз бурдани исмаш худдорӣ кард гуфт, ҳоло ин ду нафар ба саволҳои муфаттишҳо дар робита ба ҳодисаи латтукӯби нависанда посух медиҳанд.
Равшани Ёрмуҳаммад, узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон шоми 11-уми май дар наздикии манзилаш дар маҳаллаи Гулбутта, канори шаҳри Душанбе аз сӯи чаҳор ҷавони ношинос мавриди латукӯб қарор гирифта буд. Дар пайи зарби ҷавонони ҳамлавар, нависанда ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардорад. Нависанда худи ҳамон шаб кормандони умури дохилаи ноҳияи Рӯдакиро дар ҷараёни ҳодиса мегузорад.
Вале манобеи умури дохилаи ноҳияи Рӯдакӣ мегӯянд, ки исми ин афрод баъди таъйиди иттиҳом ошкор карда мешавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бар пояи маълумоти як сокини маҳаллаи Гулбутта, ҷое ки ҳодисаи ҳамла ба нависанда иттифоқ афтод, шоми рӯзи 14 май ҷасади нимҷони як духтар аз соҳили рӯди Кофарниҳон дарёфт мешавад, ки баробари расонидан ба беморхона ҷон медиҳад. Ин духтар донишҷӯ дар яке аз омӯзишгоҳҳои пойтахт буда ва падараш дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштааст.
Бо ин ҳол тибқи иттиллои сомонаи вазорати дохилаи Тоҷикистон, кормандони умури дохилаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе чаҳор нафареро, ки дар латукӯби Шарипов Рустами 26-сола, сокини маҳаллаи Гулбутта гумонбар дониста мешудаанд, дастгир намудаанд. Ин нафарон, ки кормандони ҶДММ «Бодгул» буданд, рӯзи 8 майи соли ҷорӣ дар истгоҳи нақлиёти мусофиркашонӣ, дар маҳаллаи Гулбутта Шарипов Рустамро мавриди латту кӯб қарор медиҳанд.
Ва аммо нависанда Равшани Ёрмуҳаммад дар бораи мизони ҷароҳоти бардоштааш асноди тиббӣ дар даст дорад.