Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифт, сабқати футболи Аврупо дар Украинаро бойкот накунад, аммо имзои созишномаи ҳамкорӣ бо ин кишварро ба таъхир гузорад. Бархе аз сарони иттиҳод хостори он буданд, ки сабқати қаҳрамонии футболи Аврупо, ки моҳи оянда муштаракан дар Лаҳистон ва Украина баргузор мешавад, зимни бархӯрди мақомоти украин бо сарвазири пешин ва маҳбуси ин кишвар Юлия Тимошенко аз тарафи иттиҳод таҳрим шавад. Тимошенко бо иттиҳоми суистифода аз мансаб ба ҳафт соли ҳабс маҳкум шудааст ва мегӯяд, ҳадафи бадрафторӣ қарор меёбад. Раисиҷумҳури Украина, Виктор Янукович гуфт, нигаронии Аврупоро дарк мекунад, вале намегузорад, нисбати кишвараш аз зӯргӯӣ кор гирифта шавад.