Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар даргириҳои Сурия даҳҳо нафар кушта шудаанд


Фаъолон мегӯянд, дар даргириҳои миёни нируҳои вафодор ба Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия ва шӯришиёни мусаллаҳ дар маркази шаҳри Растан 23 сарбози артиш кушта, даҳҳо нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Ин гузоришро Нозирони Сурия барои ҳуқуқи башар, ки марказаш дар Британия мебошад, хабар додааст, вале онро то ҳол манобеи мустақил таъйид накардаанд. Ин гурӯҳи ҷонибдор аз мухолифони Сурия мегӯяд, дар ин даргириҳо се зиреҳпӯши артиши Сурия хароб шудааст. Пештар манобеи мухолифон гуфта буданд, ки дар даргириҳои Растан 9 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG