Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтушуниди ташкили ҳукумат дар Юнон шикаст хӯрд


Пас аз нокомии рӯзи якшанбе гуфтушуниди ташкили ҳукумати эътилофӣ дар Юнон рӯзи душанбе низ идома хоҳад кард. Раисиҷумҳур Каролос Папоулиас бо сарони аҳзоби хурд мулоқот хоҳад дошт ва дар ҳоле ки ҳизби радикалҳои дастичапии СИРИЗ нахост, бо ҳизбҳои ПАСОК ва “Демократияи Нав” эътилоф кунад, умедвор аст, ҳизби “Чапи Демократӣ” бо ду ҳизби асосӣ ҳукумати навро ташкил хоҳад дод. Аммо сарони ин ҳизб гуфтаанд, танҳо замоне шомили эътилоф мешаванд, ки СИРИЗ низ дар он ширкат кунад. Дар ҳоли нокомии талошҳо дар Юнон интихоботи нав эълон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG