Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддаои Ал-Нусра ба масъулияти ҳамлаҳои Димишқ


Маҳалли ҳамлаи рӯзи 10 май дар Димишқ
Маҳалли ҳамлаи рӯзи 10 май дар Димишқ
Як гурӯҳи исломгарое, ки то ҳол дар қазияи Сурия дахил дониста намешуд, масъулияти ду ҳамлаи маргталабонаи рӯзи 10 май дар Димишқро ба дӯш гирифт. Дар он ҳамалот 55 тан кушта шуданд. Ҷабҳаи Ал-Нусра дар як паёми видеоӣ гуфт, он бомбгузориҳо, ки хунинтарин ҳамалот дар 14 моҳи ошӯбҳо алайҳи режими Башор Асад ба шумор меоянд, интиқом аз ҳамалоти нирӯҳои давлатӣ ба манотиқи аҳолинишин буд. Ба бовари расонаҳои ғарбӣ, Ал-Нусра шояд шохае аз бахши ироқии Ал-Қоида бошад. Ҳамлаи Димишқ охирин мавриди нақзи оташбаси як моҳ пеш бо миёнҷигиии Куфӣ Анон эълоншуда буд. Ба ҳисоби СММ, аз моҳи марти соли 2011 дар ошӯбҳои Сурия беш аз 9000 нафар ҷон бохтаанд.
XS
SM
MD
LG