Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 миллион доллар кумаки нави Бонки ҷаҳонӣ


Бонки ҷаҳонӣ барои таҳкими рақобатпазирии бахши хусусӣ барои Тоҷикистон 10 миллион доллар ҷудо кард. Ҳадаф аз ин кумак беҳбуди фазои соҳибкорӣ дар Тоҷикистон гуфта мешавад. Кумаки Бонки ҷаҳонӣ аз ҷумла барои содда кардани тартиби сабти номи ширкатҳо ва дарёфти муҷаввизи сохтмон, беҳбуди зербинои молӣ ба хотири осон кардани дастрасӣ ба хадамоти молӣ ва мусоидат ба рушди истихроҷи маодин сарф хоҳад шуд. Бонки ҷаҳонӣ аз сармоягузорони умдаи иқтисоди Тоҷикистон буда, феълан дар ин кишвар 14 тарҳ ба маблағи умумии 225 миллион долларро таъмини молӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG