Ширкати Sony Corporation гузориш дод, ки дар давоми як соли гузаштаи молӣ маблағи рекордӣ, яъне 457 миллиард йен, муодили 5,7 миллиард долларро аз даст додааст. Дар гузориши ин ниҳод гуфта мешавад, ки танҳо дар давоми моҳҳои январ то марти имсол мизони хисороти ин ширкати ҷопонӣ 3,2 миллиард долларро ташкил додааст. Ин ширкати тавлидгари телевизион, бозиҳои PlayStation ва дигар маҳсулоти техникӣ соли чорум аст, ки даромадҳои худро аз даст медиҳад. Гузориш мегӯяд, ки болоравии қурби йен, мушкилоти марбут ба оқибатҳои зилзилаву обхезиҳои шадид дар паи он, рақобати шадиди нар ва пастравии нархҳои телевизион дар ҷаҳон боиси чунин коҳиши шадид дар даромадҳои ин ширкат шудааст. Маъмурияти ширкат гуфтааст, ки ният дорад аз роҳи ихтисори коргарон ва ислоҳоти кори ширкат вазъро то марти соли 2013 беҳбуд бахшад.