Раъйдиҳандагон дар Фаронса байни раисиҷумҳури феълӣ, муҳофизакор Николас Саркозӣ ва номзади сотсиалистҳо Франсуа Олланд яке интихоб хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ширкати онҳо дар даври дуюми интихоботи президентии Фаронса назар ба даври аввал бештар аст. Он вақт, 22-юми апрел Олланд бо фарқи ним миллион раъй Саркозиро ақиб андохта буд. Бино бар натиҷаи назарсанҷиҳо, номзади сотсиалистҳо Франсуа Олланд ҳоло чаҳор дарсад пешсафӣ дорад. Вай гуфт, бовар дорад, ки пирӯз мешавад. Вале таҳлилгарон ҳадса мазананд, ки имкон дорад, Саркозӣ аз ҳисоби ширкати васеътари раъйдиҳандагон пирӯз гардад. То соати 5-и шом ба вақти Прага 71 дарсад аз 46 миллион интихобкунандаи Фаронса райъ додаанд. Натиҷаҳои пешакии интихобот баъд аз 2 соати дигар эълон хоҳанд шуд.