Панҷ нафаре, ки гумонбари асосии тарроҳии ҳамлаҳои террористии 11 сентябри 2001 ба шумор мераванд, аз баёнот дар трибунали ҳарбии Гуантанамо сарпечӣ карданд. Холид Шайх Муҳаммад, ки ба тарҳрезии ин ҳамлаҳо иқрор кардааст, якҷо бо чаҳор ҳамроҳаш аз ҳаққи таъхири додани баёнот ба додгоҳ истифода мекунанд. Иттиҳоми онҳо ба куштор ва терроризм ҳукми қатлро ба дунбол хоҳад дошт. Муҳокимаи онҳо нӯҳ соат тӯл кашид, вале ҳеҷ кадом ба суолҳои додрасон посух надод. Ин дар ҳолест, ки худи муҳокима солҳо дар заминаи баҳси масъулияти додгоҳ ба таъхир афтод. Ҳамаи айбдоршавнадагон зиёда аз се сол дар маҳбаси махфии Идораи марказии кашфи Амрико нигоҳдорӣ ва дар соли 2006 ба Гуантанамо интиқол шуданд. Онҳо мегӯянд, дар маҳбаси махфӣ ҳадафи шиканҷа қарор гирифтаанд.