Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ширкат мекунад


Вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 11-уми май дар Пекин мулоқот хоҳанд кард. Ба гуфтаи намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Чин, Лю Вэймин, онҳо дар ин дидор мулоқоти сарони кишварҳоро омода мекунанд, ки қарор аст, дар моҳи июн баргузор шуда, масъалаҳои рушди созмон ва имзои санадҳои наве марбут ба амният, сиёсат, тиҷорат ва иқтисодиётро баррасӣ хоҳад кард. Вазирони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳойро раисиҷумҳури Чин, Ҳу Ҷинтао ба ҳузур хоҳад пазируфт ва бо бархе аз онҳо мулоқоти дуҷониба хоҳад дошт. Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли 2001 аз тарафи Русия, Чин, Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон таъсис ёфта, Эрон, Ҳинд, Муғулистон ва Покистон дар он мақоми нозир доранд. Ба Ҷумҳурии Беларус ва Шри Лонко дар он мақоми шарики муколама дода шуда, аризаи узвияти Эрон рад шуда, Афғонистон дар соли 2011 дархости узвият кардааст.
XS
SM
MD
LG