Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таваллуди кӯдакони норасид дар Тоҷикистон афзудааст


Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт мегӯяд, солона дар саросари ҷаҳон аз ҳар 10 нафар як нафар кӯдаки норасид таваллуд мешавад. Дар як гузориши тозаи ин созмон омадааст, солона дар ҷаҳон 15 миллион кӯдак норасид таваллуд мешаванд ва аксарияти онҳо мемиранд ва ё аз бемориҳои гуногуни ҷисмиву равонӣ ранҷ мекашанд. Дар Покистон аз миёни ҳар 100 кӯдак 16 нафари онҳо норасид таваллуд мешудааст, ки болотарин нишондиҳанда дар ҷаҳон аст. Шамсиддин Қурбонов, мудири Маркази миллии модару кӯдак дар бораи нишондодҳои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт: “Дар Тоҷикистони мо агар солона 205 -210 ҳазор кӯдак таваллуд шавад, 2100 ё 2150 кӯдаки норасид таваллуд мешавад. Аз ин миён ҳудуди 700 нафараш кӯдаконе ҳастанд, ки камтар аз як кило вазн доранд. Агар аз 1 кило камтар бошанд, ҳудуди 90 дар сади онҳо мемиранд.” Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, то кунун ба масъалаи таваллуди кӯдакҳои норасид, беэътиноӣ шудааст ва дар сурати муроқибати хуби занони ҳомила метавонистанд, ҷони бештар 75 дар сади бештар аз як миллион кӯдаки норасидро, ки мемиранд, аз марг наҷот диҳанд.
XS
SM
MD
LG