Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чен сафорати Амрикоро тарк кард


Чен дар роҳи таҳвил ба бемористон
Чен дар роҳи таҳвил ба бемористон
Дигарандеши нобинои чиноӣ Чен Гуангченг гуфт, дар пайи таҳдиди мақомот ба куштани хонаводааш сафорати Амрикоро дар Пекин тарк кард. Ба гуфтаи Чен, таҳдид ба завҷаи ӯ шуда, мақомоти амрикоӣ ин таҳдидро ба ҷониби Чин рабт медиҳанд. Аммо Марк Тонер, сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико инро радд кард: “Ягон мақоми амрикоӣ ягон бор ба Чен дар бораи таҳдиди ҷисмонӣ ё ҳуқуқӣ алайҳи завҷаву фарзандони ӯ сӯҳбат накардаст ва ягон мақоми Чин низ ягон навъ таҳдидеро ба мо ё аз тариқи мо нарасондааст.” Бо ин ҳол, вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки дар Пекин қарор дорад, ваъда дод, ки Вошингтон дар мавриди сарнавишти Чен “пойбанд” боқӣ хоҳад монд. Чен рӯзи 22 апрел аз ҳабси хонагӣ дар устони Шангдонг фирор карда, ба сафорати Амрико паноҳ овард.
XS
SM
MD
LG