Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон Украинаро дар масъалаи Тимошенко таҳдид кард


Вазорати хориҷаи Олмон ҳушдор дод, ки дар сурати беамалии ҳукумати Украина дар нисбати тақдири нахуствазири собиқи зиндонӣ Юлия Тимошенко, созишномаи ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Украина, ки солҳои тӯлонӣ мавриди музокира қарор дорад, зери суол меравад. Гуйдо Вестервелле тавассути телевизион гуфт, ки Берлин ба масдудкунии тасвиби ин созишномаи сиёсиву тиҷоратӣ омода аст, дар сурате, ки Киев масоили ҳуқуқии марбут ба Тимошенкоро мавриди санҷиш қарор надиҳад. Тимошенкои зиндонӣ дар бораи истифодаи зӯр нисбаташ шикоят кардааст. Ҳафтаи ҷорӣ вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон ба озодкунии Тимошенко даъват кард ва мақомоти аврупоӣ таҳдид карданд, ки бозиҳои футболи ҷоми Аврупоро бойкот мекунанд. Дар ҳамин ҳол, мақомоти варзиши Украина хабарҳои марбут ба инро, ки гӯё бозиҳо дар Испания барпо мешаванд, рад карданд.
XS
SM
MD
LG