Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯши банг дар ҷануби Ҳолланд маҳдуд шуд


Ҳолланд аз 1 май фурӯши то ҳол озоди бангро дар бархе бахшҳои кишварро маҳдуд карда, аз ин ба баъд фурӯши ин навъи сабуки маводи мухаддирро танҳо ба сокинони маҳаллӣ иҷозат медиҳад. Сокинони ҷануби Ҳолланд бояд акнун барои харидории марихуана кортҳои махсус бигиранд. Дар қаҳвахонаҳои Ҳолланд фурӯхтани миқдори ками банг муҷоз аст ва иштиёқмандон аз кишварҳои дигар низ талош мекарданд, худро ба ин “биҳишти маводи мухаддир” бизананд. Як сабаби эъмоли маҳдудият ҳамин сели дӯстдорони банг аз хориҷ буд. Аз соли оянда фурӯши банг дар тамоми Ҳолланд маҳдуд хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG