Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози таҳқиқи шикояти Саркозӣ алайҳи Mediapart


Никола Саркозӣ
Никола Саркозӣ
Додситонҳо дар Порис ба таҳқиқи шикояти раисиҷумҳури Фаронса Никола Саркозӣ аз сомонаи интернетии Mediapart оғоз карданд. Ин сомона бо нашри як санади аз сӯи Мӯсо Кӯса – раҳбари идораи иктишофии ҳокими пешини Либия Муаммар Қаззофӣ имзошуда иддао карда буд, ки режими Қаззофӣ маъракаи интихоботии Саркозиро дар соли 2007 ҳудуди 66 миллион доллар таъмини молӣ кардааст. Саркозӣ ин санадро ҷаълӣ меномад. Саркозӣ рӯзи 6 май дар даври дувуми интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса бо номзади ҳизби сотсиалист Франсуа Ҳолланд рақобат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG