Дар набардҳои сангин байни нирӯҳои Яман ва ҷангиёни Ал-Қоида дар вилояти Абён дастикам 12 тан кушта шуданд. Даргириҳо дар наздикии шаҳри Лодар, ки Ал-Қоида аз моҳи августи соли 2010 то замони ронда шуданаш аз сӯи артиш дар назорати худ нигоҳ медошт, рух додааст. Лодар дар 150-километрии шимолушарқи Зинҷибар- маркази вилояти Абён, ки як сол пеш аз сӯи як гурӯҳи исломии мавсум ба “Чирикиҳои Шариат” тасарруф шуд, воқеъ аст.