Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 май дар Остона вазирони дифои СПАД мулоқот мекунанд


Вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) 3 май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон гирдиҳам меоянд. Фаридун Муҳаммадалиев-сухангӯи вазорати дифоъи Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ин нишаст баррасии масъалаи муҷаҳҳаз сохтани нерӯҳои муштараки зудамали созмони мавсум ба КСОР бо таҷҳизоти навтарини ҷангист.

Дар ин нишаст аз ҷониби Тоҷикистон Шералӣ Хайруллоев-вазири дифоъ ширкат хоҳад кард. Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар СПАД узвият доранд.
XS
SM
MD
LG