Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтори такрорӣ дар манзили раиси пешини "Моварроуннаҳр"


Ҷӯрабек Охунов
Ҷӯрабек Охунов
Манзили иқоматии Ҷӯрабек Охунов-раҳҳбари пешини ширкати сохтмонии «Мовароуннаҳр» комилан тӯъмаи оташ шудааст. Ба қавли наздикони вай, сӯхтор шаби 29 апрел рух додааст.

Қаблан манзили сарвари ширкати «Мовароуннаҳр» қисман сӯхта буд. Наздиконаш мегӯянд, он вақт сӯхтор танҳо ба ошхонаи манзил осеб расонда буд.

Ҳоло муҳокимаи парвандаи Ҷӯрабек Охунов дар Додгоҳи олии Тоҷикистон идома дорад ва худи вай аз як моҳ ба ин сӯ ба дармонгоҳи бемориҳои равонӣ муолиҷа мегирад. Аммо 26 апрел Додгоҳи олии Тоҷикистон эълом дошт, ки саломатии Охунов ӯ хуб аст ва вай бояд ба додгоҳ ҳозир шавад.

Вале вакили мудофеъ аз қавли хешовандони Охунов, ки ба дидори ӯ ба маркази бемориҳои рӯҳӣ дар ноҳияи Ленин рафтаанд, мегӯянд, ки Ҷӯрабек Охунов ҳанӯз шадидан мариз аст.

Ахиран Додситонии кулли Тоҷикистон бо пахши як хабар таъкид кард, ки дар маҷмӯъ Охунов ба маблағи 15 миллион доллар ба 517 ҷабрдида зарар ворид кардааст.
XS
SM
MD
LG