Шерхон Салимзода-додситони кулли Тоҷикистон барои боздиди корӣ вориди Теҳрон шудааст. Дар ин бора Абдусамеъ Додобоев-раҳбари Раёсати байналмилалӣ ва иттилооти додситонӣ ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Манобеи дигар гуфтаанд, ҳадафи боздид ниҳоӣ кардани заминаҳои қонунии созишномаи миёни ду кишвар дар масъалаи истирдоди ҷинояткорон аст.
Моҳи январи соли 2010 миёни руасои ҷамоҳири Тоҷикистону Эрон тавофуқи қаблӣ ба даст омада буд.
Масъулияти истирдоди ҷинояткорон дар Тоҷикистонро додситонии кулл бар ӯҳда дорад. Дар сурати ба тасвиб расидани созишнома, Эрон аввалин кишвари хориҷ аз ИДМ хоҳад буд, ки бо Тоҷикистон дар заминаи истирдоди ҷинояткорон ҳамкорӣ хоҳад кард.