Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони дифои СПАД дар Остона ҷамъ меоянд


Вазирони дифои кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) рӯзи 3-юми май дар шаҳри Остонаи Қазоқистон ҷамъ меоянд. Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи вазорати дифои Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳадафи ин нишаст баррасии муҷаҳҳаз гардонидани нерӯҳои муштараки зудамали созмон мавсум ба КСОР бо таҷҳизоти навтарини ҷангӣ аст. Бино ба ин манбаъ, дар ин нишаст аз ҷониби Тоҷикистон вазири дифоъ Шералӣ Хайруллоев ширкат хоҳад кард. Аъзои СПАД Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбакистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG