Арманистон мегӯяд, бар асари ҳамла ба як мошини низомӣ дар марз бо Озарбойҷон 3 сарбози арманӣ кушта шуданд. Ҳанӯз рӯшан нест, ки ин афрод аз ҷониби марзи Озарбойҷон ҳамла шудааст ё на. Аммо 2 рӯз пеш як русто дар ин минтақа аз сӯи Озарбойҷон тирборон шуда буд, вале касе осеб надид. Арманистону Озарбойҷон солҳост, бар сари вилояти умдатан арманинишини Қаробоғи кӯҳӣ баҳс доранд.