Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Равшан" бо ҳукми ФФТ розӣ нест


Тими «Равшан»-и Кӯлоб мегӯяд, бо қарори кумитаи интизомии Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ки 5 бозигари ин тимро муҷозот кард, розӣ нест. Бозигари «Равшан» Сафаралӣ Каримов барои захмӣ кардани бозигари «Истиқлол»-и душанбе дар бозии рӯзи 19 апрел 5 000 сомонӣ ҷарима баста шуда, аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум шуд. Баҳром Рустамов, мураббии «Равшан» мегӯяд, доварон танҳо хатоҳои «Равшан»-ро сабт карда, бозии дағали рақибашро нодида гирифтаанд. Бозии ду тим дар варзишгоҳи Кӯлоб бо ҳисоби 1:0 ба сӯди «Равшан» анҷом ёфта буд.
XS
SM
MD
LG