Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки-мун мегӯяд, Сурия шартҳои сулҳро иҷро намекунад


Дабири кулли Созмони Милал, Бан Ки-мун мегӯяд, Сурия ба шартҳои сулҳе, ки бояд ба хунрезии яксола хотима гузорад, тан намедиҳад. Вай афзуд, аз хабарҳои охирини Сурия амиқан нигарон аст. Бино бар ин хабарҳо, нерӯҳои ҳукумати раисиҷмуҳури Сурия, Башор Асад, ба куштору хушунат, аз ҷумла мушакборони манотиқи аҳолинишин идома медиҳанд. Дар як таркиш дар Ҳамо рӯзи панҷшанбе 16 нафар кушта шудаанд ва ҳукумати Сурия мегӯяд, ин амали террористии мухолифони давлат аст. Дар Маскав, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Русия Александр Лукашевич гуфт:

"Дар ҳоли ҳозир вазифаи асосӣ дар иҷрои ҳатмӣ ва дақиқи қарори Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар мавриди Сурия аст, ки масъулияти ҳам ҳукумат ва ҳам тарафҳои дигари Сурияро дар қатли хушунат ва ҳамкорӣ бо нозирони Созмони Милал ва намояндагии фиристодаи вижа Кофи Анонро муайян мекунад. Имконияти воқеии қатъи хунрезӣ ва ранҷи мардуми осоишта бояд ба дараҷаи комил истифода шавад.”
Дар ҳамин ҳол мухолифони режими Асад гуфтаанд, аз гулулаборони нерӯҳои давлатӣ наздик ба 50 нафар кушта шудаанд. Лигаи Араб хостори интиқоли нозирони бештари Созмони Милал ба Сурия шуд.
XS
SM
MD
LG