Кормандони Хадамоти муҳоҷирати Русия 48 муҳоҷирро дар сохтмоне дар ғарби Маскав боздошт карданд, ки бахше аз онҳо шаҳрванди Тоҷикистонанд. Намояндаи хадамот ба хабаргузории “Интерфакс” гуфтааст, боздоштшудагон дар сохтмони хобгоҳе дар кӯчаи Мякининский кор мекарданд ва ҳарчанд дар Хадамоти муҳоҷират сабти ном шудаанд, иҷозаи кор надоштанд. Се нафари онҳо ба иқомати ғайриқонунӣ дар Русия айбдор ва аз ин кишвар ихроҷ хоҳанд шуд. Бақияи боздоштшудагон патент харида буданд, вале бино бар он танҳо ҳаққи кор дар ширкатҳои хусусиро доштанд.