Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобоварии "Роғун" ба зилзилаву таркишҳоро месанҷанд


Ба хотири тобоварӣ дар ҳолатҳои зилзила ва таркишҳо, муҳандисони сохтмони нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" марҳилаи анкера, як навъ банд (трос), кашидани обанбор ва биноҳои асосии нерӯгоҳро ба анҷом расонидаанд. Мираҳмади Амиршо, корманди дафтари матбуоти нерӯгоҳи "Роғун" рӯзи 26-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин марҳила 23 ҳазор анкера (як навъ трос), ки фӯлодин аст, дар сохтмоне, ки агрегатҳо ҷой дошта бошанд ва дар атрофи обанбор кашида шуданд. Бандҳои анкера ба таркиби кӯҳҳои атрофи обанбор бо фишори 450 тонна халида мешаванд ва холигоҳҳои даруни кӯҳҳо пур карда мешавад.

Ба қавли Мираҳмади Амиршо, анкераҳоро ширкатҳои сохтмонии нерӯгоҳи Роғун аслан аз Русия ва Чин ворид мекунад. Ҳоло ҳамчунон марҳилаи барқаросозии нерӯгоҳ идома доштааст.

Ба гуфтаи ҷаноби Амиршо феълан мутахассисони Бонки Ҷаҳонӣ ташхиси тавони зилизилабардорӣ ва вазъи экологии онро баррасӣ доранд. Пас аз даргузашти Асадулло Ғуломов, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, дар моҳи августи соли гузашта замони пешниҳоди натиҷаи ниҳоии баррасии коршиносони байналмилалӣ ба таъхир уфтод. Зеро ба қавли Мираҳмади Амиршо, дар ин масъала ҷониби Тоҷикистонро Асадулло Ғуломов намояндагӣ мекард.

Аз ин рӯ, коришиносон барои анҷоми пурраи таҳқиқоти худ 8 моҳи дигар замонат хостаанд. Имкон дорад, дар моҳи августи соли ҷорӣ баҳои ниҳоии коршиноосн ба нерӯгоҳи Роғун пешниҳод гардад.
XS
SM
MD
LG