Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Челси" ва “Бавария” - дар финали Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо


Дастаҳои “Челси”-и Инглистон ва “Бавария”-и Олмон ба бозии ниҳоии Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо роҳ ёфтанд.

“Челси” дар бозии ҷавобии ниманиҳоӣ дар варзишгоҳи "Камп Ноу"-и Барселона бозиро бо тими мизбон – "Барселона"-и Испания бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом дод. Аз рӯи натоиҷи ду бозӣ “Челси” ғолиб омад ва ба финал баромад.

“Барселона” (Барселона, Испания) – “Челси” (Лондон, Инглистон) - 2:2 (2:1)

Голҳо: 1:0 - Бускетс (35), 2:0 - Инйеста (43), 2:1 - Рамирес (45), 2:2 - Торрес (90).

“Барселона”: Валдес, Пуйол, Пике (Дани Алвес, 26), Маскерано, Фабрегас (С. Кейта, 74), Хави, Бускетс, Инйеста, Санчес, Месси, Куэнка (Тело, 67).

“Челси”: Чех, Иванович, Кэйхилл (Босингва, 12), Терри, Э.Коул, Мейрелеш, Оби Микел, Мата (Калу, 58), Лэмпард, Рамирес, Дрогба (Торрес, 80).

Огоҳонида шуданд: Оби Микел (32), Рамирес (44), Иванович (48), Инйеста (50), Чех (59), Месси (71), Лэмпард (72), Мейрелеш (89).

Аз майдон хориҷ шуд: Терри (37).
Бозии аввал - 0:1.

Дар бозии дигари ниманиҳоӣ "Бавария"-и Олмон дар меҳмонӣ бо “Реал”-и Испания рақобат кард. Бозии ҷавобӣ бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи испаниҳо поён ёфт. Дар бозии аввал олмониҳо дар майдони худ бо ҳамин ҳисоб пирӯз шуда буданд. Ғолибро силсилаи зарбаҳои 11-метра муайян кард. “Бавария” бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд ва ба финал баромад.
Ҳамин тариқ, дар бозии ниҳоӣ рӯзи 19-уми май “Баврия” дар варзишгоҳи худ бо "Челси" вориди рақобат мешавад.

“Реал” (Мадрид, Испания) – “Бавария” (Мюнхен, Олмон)- 2:1 (2:1, 0:0, 0:0, 0:0), аз рӯи пеналти - 1:3

Голҳо: 1:0 - Роналду (6, аз 11-метра), 2:0 - Роналду (14), 2:1 - Роббен (27, аз 11-метра).

“Реал”: Касиляс, Арбелоа, Пепе, Рамос, Марсело, Хедира, Алонсо, Озил (Гранеро, 111), Ди Мария (Кака, 75), Роналду, Бензема (Игуаин, 106).

“Бавария”: Нойер, Лам, Ҷ. Боатенг, Бадштубер, Алаба, Швайнштайгер, Л. Густаво, Кроос, Роббен, Рибери (Мюллер, 95), Гомес.

Огоҳонида шуданд: Алаба (5), Пепе (27), Арбелоа (59), Роббен (90), Л. Густаво (102), Бадштубер (104), Гранеро (115).
Бозии аввал – 1:2.
XS
SM
MD
LG