Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони ҷоиза барои хабари боздошти ҷинояткорон


Дар Қазоқистон пулис барои хабаре, ки заминаи боздошти ҷинояткоронро фароҳам орад, ҷоиза эълон кардааст. Ин ҷинояткорон Лукпан Аҳмадёров-рӯзноманигори нашрияи «Уральская неделя»-ро бераҳмона лату кӯб кардаанд. Пулис аломатҳои ин се ҷинояткорро эълон кардааст ва онҳо аз 18 то 20 сола будаанд. Субҳи рӯзи шанбе хабар доданд, ки рӯзноманигор Аҳмадёров ба ҳуш омадааст ва мустақилона нафас мекашад, вале вазъи саломатиаш ҳамоно сангин боқӣ мондааст. Афроди номаълум 19 апрел ба вай ҳамла бурдаанд. Ва вай аз захми корд чанд ҷароҳат бардоштааст. Сараш ҳам осеб дидааст.
XS
SM
MD
LG