Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон дар суқути ҳавопаймо ширкатро муттаҳам кард


Раҳмон Малик
Раҳмон Малик
Ҳукумати Покистон мегӯяд, ширкати ҳавоие, ки соҳиби ҳавопаймои Боинг 737 мебошад, масъулияти ҳодисаи суқути ҳавопайморо бар дӯш дорад. Дар ин ҳодиса ҳамаи 127 нафар сарнишинони ҳавопаймо ба ҳалокатт расидаанд.

Малик Раҳмон-вазири корҳои дохилаи Покистон гуфт, “гуноҳи ширкати Bhoja Airlines аст, ки ҳавопаймои хеле кӯҳнаро истифода мекард”. Вай афзуд, агар ширкат сармоя надошта бошад, ин ба он маъно нест, ки биравад ва ҳавопаймои 30 соларо бихарад.

Раҳмон Малик-вазири корҳои дохилаи Покистон гуфт, Форуқ Бҳоҷа-молики ширкати Bhoja Airlines -ро ба феҳристи номҳое ворид кардаанд, ки иҷозаи берун рафтан аз Покистонро надоранд. Сафдар Иқбол-сокини Исломобод дар бораи ин ҳодиса чунин мегӯяд:

“Ин барои ҳамаи мо дардовар аст. Барои ҳар кас фоҷеаи бузург аст. Мо барои пешгирӣ кардан аз ин ҳодисаҳо бояд коре анҷом диҳем. Албатта, мо бояд дуо кунем, вале ҳукумат бояд коре кунад, ки дигар ин ҳодисаҳо рух надиҳанд".


Ин ҳавопаймо аз Карочӣ ба Исломобод парвоз мекард ва дар ҳавои бад дар наздикии фурудгоҳи байналмиллалии ба номи Беназир Бҳутто ба фоҷеа дучор шуд. Бозрасон талош доранд сабабҳои суқуқти ҳавопайморо дақиқ кунанд.
XS
SM
MD
LG