Малик Раҳмон, вазири умури дохилии Покистон гуфт, “гуноҳи ширкати Bhoja Airlines аст, ки ҳавопаймои хеле кӯҳнаро истифода мекард.” Вай афзуд, агар ширкат сармоя надошта бошад, ин ба он маъно нест, ки биравад ва ҳавопаймои 30-соларо бихарад.
Вазири корҳои дохилаи Покистон мегӯяд, Форуқ Бҳоҷа -- молики ширкати Bhoja Airlines-ро ба феҳристи номҳое ворид кардаанд, ки иҷозаи берун рафтан аз Покистонро надоранд.
Сафдар Иқбол, сокини Исломобод дар бораи ин ҳодиса чунин мегӯяд, "ин барои ҳамаи мо дардовар аст. Барои ҳар кас фоҷиаи бузург аст. Мо барои пешгирӣ кардан аз ин ҳодисаҳо бояд коре анҷом диҳем. Албатта, мо бояд дуо кунем, вале ҳукумат бояд коре кунад, ки дигар ин ҳодисаҳо рух надиҳанд."
Шифохонаи Покистон ва мақомоти расмии ин кишвар рӯзи шанбе, 21-уми апрел, гуфтанд, ки аз суқути ҳавопаймои "Боинг-737"-и ширкати "Bhoja Airlines" дар наздикии шаҳри Исломобод касе ҷони солим бадар набурдааст. Ҷунайд Хон - як мақоми ширкати ҳавопаймоӣ гуфт, “ҳамаи 127 нафар сарнишини ҳавопаймо ба ҳалокат расидаанд, касе зинда намондааст. Имкони зинда мондани касе аз мусофирон ҳам дар ин ҳодиса вуҷуд надоштааст.”
Ин ҳавопаймо аз Карочӣ ба Исломобод парвоз мекард ва дар ҳавои бад дар наздикии фурудгоҳи байнулмилалии ба номи Беназир Бҳутто ба фоҷиа дучор шуд.
Сухангӯи ҳамлу нақли ҳавоии миллии Покистон гуфтааст, ҳавойпамои мазкур соати панҷи баъд аз зӯҳр аз Карочӣ бархоста ва баъд аз як соату 18 дақиқа суқут кардааст. Дар ҳоле ки қарор буд, ҳавопаймо соати 6-у 50 дақиқаи бегоҳ ба замин нишинад.
Бозрасон талош доранд сабабҳои суқути ҳавопайморо дақиқ кунанд. Аммо шоми рӯзи ҷумъа, 20-уми апрел, вазири дифои Покистон, Чодрӣ Аҳмад Мухтор, гуфта буд, ҳавопаймо оташ гирифтааст.
Он замон телевизиони давлатии ин кишвар ҳам хабар дода буд, ки тамоми шифохонаҳои наздиктарини Равалпиндӣ ба ҳолати омодабош оварда шудаанд.