Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Брейвик дар бораи куштори ҷазираи Утоя нақл мекунад


Дар рӯзи чоруми мурофиаи додгоҳии Андерс Бейринг Брейвик, бомбгузори Норвегия, додрас аз ӯ хост, ки тафсилоти ҳодисаи тирандозӣ дар урдугоҳи ҷавонони ҳизби корро дар ҷазираи Утоя нақл кунад. Рӯзи панҷшанбе Брейвик гуфт, ки ният дошт дар ин ҷазира на 69 нафар, балки 569 касро кушад. Худи ҳамон рӯз дар беруни сохтмони ҳукумати Норвегия Брейвик тавассути бомбаи дар мошин гузошташуда ҳашт нафари дигарро кушт. Брейвик эътироф кард, ки дар куштор гуноҳ надорад ва ин ҳамлаҳо ба нишони ҳимоят аз сиёсати бисёрфарҳангии кишвараш анҷом шудаанд.
XS
SM
MD
LG