Вазорати хориҷаи Эрон бо пахши изҳороте иттиҳомоти зидди як дипломати эронӣ дар Бразилия садододаро рад кард, ки мегӯяд, корманди ин сафорат гӯё дар як ҳавзи шиноварӣ нисбати духтарҳои наврас ҳаракатҳои шаҳвонӣ нишон додааст. Изҳорот ҳокист, ки иттиҳомоти зидди дипломати бенома аз ҳақиқат дур ва бепояву асос аст. Полиси Бразилия гуфт, ки аз рӯи шикояти волидон, ин мард рӯзи 14 апрел 10 духтари аз нӯҳ то 15-соларо дар дохили ҳавз ба таври ғайри қобили қабул даст задаст. Полис ин мардро дар ҳамон ҷо дастгир карда баъди фаҳмидани он ки ӯ дипломати хориҷӣ асту масуният дорад, озод кардааст. Дар изҳороти аз ин пеши сафорати Эрон дар Бразилия гуфта шуд, ки ҳодисаи мазкур “як сӯитафоҳуми фарҳангӣ” будааст.