Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико бадрафторӣ бо ҷасадҳоро маҳкум кард


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, амали чанд сарбози амрикоиро, ки ҳангоми бадрафторӣ бо ҷасади ситезҷӯёни эҳтимолии кушташудаи афғон аксбардорӣ шудаанд, “шадидан маҳкум” мекунад. Вазири дифои Амрико, Леон Панетта дар нишасти хабарӣ дар Бруссел гуфт, ин аксҳо баёнгари ахлоқи сарбозони кишвараш нестанд. Вай ваъда дод, ки омилони бадрафторӣ муҷозот хоҳанд шуд. Дабири кулли НАТО, Андерс фоғ Расмуссен низ аксҳоро маҳкум кард ва онҳоро “рӯйдодҳои тасодуфӣ” номид. Рӯзномаи "Los Angeles Times" мегӯяд, ин 18 акс дар соли 2010 дар вилояти Зобул гирифта шудаанд.
XS
SM
MD
LG