Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Cафирони Иттиҳодияи Аврупо ба Минск бармегарданд


Раҳоии Андрей Санников боиси нармтар шудани равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Белорус гардид
Раҳоии Андрей Санников боиси нармтар шудани равобити Иттиҳодияи Аврупо ва Белорус гардид
Сафирони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бояд рӯзҳои наздик ба Белорус баргарданд.

Дар ин бора вазири умури хориҷии Словакия Мирослав Лайчак хабар дод ва афзуд, ки раҳоии ду маҳбуси сиёсӣ – собиқ номзад ба мақоми раисиҷумҳури Белорус Андрей Санников ва ҳамоҳангози маъракаи “Белоруси Аврупо” Дмитрий Бондаренко аз зиндон “ҳодисаи муҳим” ва аммо “гоми аввал дар роҳи тулонист”.

Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо аз раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко талаб доранд, ки дасти кам даҳ маҳбуси сиёсии дигар, аз ҷумла, боз як номзади собиқ ба мақоми президентӣ дар интихоботи соли 2010 Николай Статкевичро аз маҳбас раҳо кунад.

Моҳи феврал мақомоти Белорус сафирони Итиҳодияи Аврупо ва Лаҳистонро аз Минск ихроҷ карданд, дар посух ҳама кишварҳои Иттиҳодия сафирҳояшонро аз Белорус бозхонданд.
XS
SM
MD
LG