Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табдили нақшавии сарбозони пойгоҳи 201


Сарбозони пойгоҳи 201 дар як машқи низомӣ (Акс аз 17 январи соли 2012)
Сарбозони пойгоҳи 201 дар як машқи низомӣ (Акс аз 17 январи соли 2012)
Табдили сарбозони пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон оғоз ёфт. Қарор аст, ҳудуди 1500 сарбози даъватӣ ва 1500 сарбозу афсари қарордодии ин пойгоҳ иваз шаванд. Ҷамъи нирӯҳои пойгоҳи 201-ум, мустақар дар Душанбеву Қӯрғонтеппа ва Кӯлобу Норак, зери 7000 сарбозу афсар баровард мешавад. Замони қарордоди ин пойгоҳ соли 2014 ба поён мерасад ва Душанбеву Маскав феълан шароити тамдиди замони ҳузури пойгоҳи Русия то 49 соли дигарро баррасӣ мекунанд. Бино ба хабарҳо, Тоҷикистон барои ин пойгоҳ пули иҷора мехоҳад, вале Русия ба ин розӣ нест.
XS
SM
MD
LG