Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷим Ёнг Ким раиси Бонки ҷаҳонӣ интихоб шуд


Ҷим Ёнг Ким
Ҷим Ёнг Ким
Донишманди куриёинажоди амрикоӣ Ҷим Ёнг Ким раиси нави Бонки ҷаҳонӣ интихоб шуд. Номзадии ӯ аз сӯи ИМА пешбарӣ шуда буд.

Тасмим дар ин бора дар ҷаласаи шӯрои мудирони Бонки ҷаҳонӣ бино ба хатми мӯҳлати раёсати раҳбари феълии ин ниҳоди молиявӣ Роберт Зеллик гирифта шуд.

Дигар довталаби мақоми раиси Бонки ҷаҳонӣ вазири молияи Нигерия Нгозӣ Оконҷо-Ивеала қаблан эълом дошт, ки аъзои шӯрои мудирон бо сабабҳои сиёсӣ аз номзади пешбаринамудаи ИМА пуштибонӣ хоҳанд кард.

Ба Ҷим Ёнг Ким чанд кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, Ҷопон, Канада ва Русия раъй доданд.
XS
SM
MD
LG